Масонӣ ё франкмасонӣ (фр. Franc-maçonnerie, англ. Freemasonry) — ҷараёнест, ки дар шакли ҷамъияти махфӣ[1] пайдо шуда, аз охири асри XVI — ибтидои асри XVII сарчашма мегирад. Номи "масон" ё "франкмасон" аз фр. franc-maçon (ба забони фаронсавии куҳна masson, англ. freemason), тарҷумаи аслии ин ном низ истифода мешавад — гилкори озод[2].

Рамзи масонӣ

Этика ва фалсафаи масонӣ бар динҳои монотеистӣ, бар конститутсияҳои қадимии масонҳо, муқаррарот, қонунҳо ва кодексҳои онҳо асос ёфтааст.

Масонӣ ҳоло дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст ва дар шаклҳои гуногуни ташкилӣ: ложаҳо, ложаҳои бузург, шӯроҳои олӣ, фаслҳо, Ареопаг, конструксияҳо, федератсияҳо ва конфедератсияҳо намояндагӣ мекунанд. Шумораи умумии масонҳо дар ҷаҳон ба 4 000 000 мерасад[3][4].

Маросими рутбасупории масонҳо
  1. United Grand Lodge of England — History of Freemasonry
  2. Морамарко М. Масонство в прошлом и настоящем / Пер. с ит. / Вступ. ст. и общ. ред. В. И. Уколовой. — М.: Прогресс, 1989. — 304 с. — ISBN 5-01-002055-6.
  3. Hodapp, Christopher. Freemasons for Dummies. https://archive.is/20121224155857/www.ugle.org.uk/what-is-masonry/frequently-asked-questions//
  4. Hodapp, Christopher. Freemasons for Dummies. Indianapolis: Wiley, 2005. p. 52.