Никола Франсуа Блондел[5] (фр. Nicolas-François Blondel, 15 июни 1618, Рибмон — 21 январи 1686, Порис) — меъмори фаронсавӣ, аз поягузорони равияи класситсизм дар санъати меъморӣ.

Франсуа Блондел
фр. François Blondel
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 15 июн 1618(1618-06-15)[2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 январ 1686(1686-01-21)[3][4][1] (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Cours d’Architecture

Зиндагинома

вироиш

Аз с. 1672 то поёни умр директори Академияи меъмории Париж буд. Дар Париж ва дигар шарҳои Фаронса аз рӯйи лоиҳаи Блондел бисёр биноҳои муҳташаму равоқпӯш бунёд ёфтаанд, ки дар таърихи меъмории замон саҳифаҳои дурахшон кушода, вобаста ба талаботи давр усулҳои меъмории классикиро равнақ бахшидаанд. Нуқтаи баландтарини эҷодаш дарвозаҳои Сен-Дени дар Париж ҳастанд, ки солҳои 1672-73 сохта шудаанд. Дар ин маҷмаа ва дигар иншооти меъморӣ Блондел аз услубҳои нави бадеӣ бо маҳорати баланд истифода бурда, ба рушди минбаъдаи иморатсозӣ мусоидат намудааст. Онҳо бо бандубасти мукаммал, зебоӣ, салобат, шаҳомату назокат ҷолиб ва беназиранд. Муаллифи чандин китоби назариявӣ оид ба меъморист, ки муҳимтаринашон «Курси меъ­морӣ» мебошад.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. encyclopedia.com (ингл.)HighBeam Research.
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Архив изобразительного искусства — 2003.
  5. Блондель / А. А. Аронова // «Банкетная кампания» 1904 — Большой Иргиз. — М. : Большая российская энциклопедия, 2005. — С. 606—607. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 3). — ISBN 5-85270-331-1.

Сарчашма

вироиш