Фронсис Голтун
Сэр Фронсис Голтун (англ. Francis Galton; 16 феврали 1822, Бирмингем, Подшоҳии Муттаҳида — 17 январи 1911, Хаслмир, Подшоҳии Муттаҳида) — равоншинос ва антропологи инглис, яке аз асосгузорони равоншиносии тафриқаӣ.
англ. Francis Galton | |
Таърихи таваллуд | 16 феврал 1822[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 январ 1911[1][2][3][…] (88 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | Назарияи эҳтимолият ва мардумшиносӣ |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | William Hopkins[d][5] |
Шогирдон | Karl Pearson[d] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | galton.org(англ.) |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Кембриҷ (1844). Узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1856). Фаъолияти илмиро дар соҳаи ҷуғрофия ва ҳавошиносӣ (метеорология) оғоз кард. Аввалин шуда дар асоси усулҳои таҷрибавӣ ва математикӣ таълимотро дар бораи мавҷудияти фарқи фардӣ-равонӣ дар байни одамон пешниҳод намудааст, ки бо номи «Равоншиносии тафриқавӣ» машҳур аст. Фронсис Голтун ба назарияи таҳаввулоти амакбачааш Чарлз Дарвин такя намуда, ин фарқро аз рӯйи омилҳои ирсӣ шарҳ додааст. Ҳарчанд ин навоварӣ бошад ҳам, хусусияти баҳогузории яктарафа дошта, моҳияти иҷтимоии шахсро рад мекунад. Ӯ бо мақсади ташхиси сифатҳои равонии шахс чандин асбоб ихтироъ кардааст, ки дар равоншиносии таҷрибавӣ васеъ истифода мешаванд. Фронсис Голтун инчунин усулҳоеро таҳия кардааст, ки барои ошкор намудани муносибатҳои байни ирсият ва таъсироти иҷтимоӣ имкон медиҳанд («усули дугоникҳо», усули омӯзиши ассотсиатсияи назарҳо, хотири тасаввурӣ (образӣ) ва ғайра). Ӯ истифодаи тестҳоро барои муайян намудани фарқи инфиродии байни одамон пешниҳод кардааст. Муаллифи асари «Ирсияти истеъдод, қонунҳо ва оқибатҳои он» (1869). Дар асари худ «Таҳқиқи қобилиятҳои инсон ва инкишофи онҳо» (1883) барои нишон додани назарияи беҳсозии насли инсон истилоҳи «евгеника» (назария дар бораи беҳдошт ва такмили ирсияти инсон)-ро пешниҳод намуд. Евгеника минбаъд бинобар мавқеаш оид ба пастсифатии ирсии баъзе нажодҳову гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва дар робита ба ҷиноятҳои дар садаи XX дар асоси ин консепсия содиршуда мавриди танқиди сахт қарор гирифт. Таҳқиқоти антропологии Фронсис Голтун дар криминалистика истифода мешаванд. Дар асоси онҳо усулҳои илмии дактилоскопия (усули шинохтани шахс аз рӯйи нақши ангушти дасти вай) пешниҳод шудаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Гальтон Фрэнсис // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
вироиш- Канаев И. Фронсис Голтун. Л., 1972;
- Ярощевский М. История психологии от античности до середины XX в. (учебное пособие). М., 1996;
- Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.
Сарчашма
вироиш- Галтон Фрэнсис / Н. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.