Фурӯғи Фаррухзод

(Тағйири масир аз Фуруғ Фаррухзод)

Фурӯғзамони Фаррухзод (форсӣ: فروغ‌زمان فرخ‌زاد‎; ‎5 январи 1935, Теҳрон — 13 феврали 1967, ҳамон ҷо), маъруф ба Фурӯғи Фаррухзод (порсӣ: فروغ فرخزاد) ва Фурӯғ (порсӣ: فروغ) — шоири номдори муосири Эрон аст. Ӯ панҷ дафтари шеър мунташир кард, ки аз намунаҳои қобили таваҷҷуҳи шеъри муосири форсӣ ҳастанд.

Фурӯғи Фаррухзод
Таърихи таваллуд: 5 январ 1935(1935-01-05)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 феврал 1967(1967-02-13)[2] (32 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ[3]
forughfarrokhzad.org/…(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вай ба ҳамроҳи Парвин Эътисомӣ ва Симин Беҳбаҳонӣ аз занони шоири барҷастаи Эрон аст.

Зиндагинома

вироиш

Фурӯғи Фаррухзод дар зӯҳри 8 деймоҳи 1313 дар маҳаллаи Амирияи Теҳрон ба дунё омадааст. Фурӯғ фарзанди чаҳоруми Турон Вазиритабор ва Муҳаммад Фаррухзод аст. Аз дигар аъзои хонаводаи ӯ метавон бародараш, Фаридун Фаррухзод ва хоҳари бузургтараш, Пурон Фаррухзодро ном бурд.

  • Асир
  • Девор
  • Исён
  • Таваллуди дигар
  • Имон биёварем ба оғози фасли сард

Намунаи ашъор

вироиш

Парранда мурданист

вироиш

Ин шеър аз маҷмӯъаи «Имон биёварем ба оғози фасли сард» гузида шудааст.[1] Бойгонӣ шудааст 17 марти 2007  сол.

Дилам гирифтааст
Дилам гирифтааст
Ба айвон меравам ва ангуштонамро
Ба пӯсти кашидаи шаб мекашам
Чароғҳои робита ториканд
Чароғҳои робита ториканд
Касе маро ба офтоб
Муъаррифӣ нахоҳад кард.
Касе маро ба меҳмонии гунҷишкҳо нахоҳад бурд.
Парвозро ба хотир биспор
Парранда мурданист
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #121048608 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Пайвандҳои беруна

вироиш