Хадича Абдуалимова

Хадича Абдуҳалимова (1 феврал 1950, Сталинобод23 сентябр 1997, Душанбе) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996).

Хадича Абдуалимова
Таърихи таваллуд 1 феврал 1950(1950-02-01)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 сентябр 1997(1997-09-23) (47 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Соли 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм карда, дар дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз соли 1974 то поёни умр солисткаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик ва мероси шифоҳии мардумамон бештар суруд хондааст. «Боз ой», «Дорам ҳанӯз», «Абрешимо-абрешим», «Таронаи таскин», «Шоҳи анҷуман» аз беҳтарин таронаҳои ӯанд. Ба ӯзбекӣ, озарӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо таронаҳо иҷро кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.