Хайрандеш
Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович; зод. 4 апрел 1961, Чагами Боло, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2024). Узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (1997).
Таърихи таваллуд: | 4 апрел 1961 (63 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишҚурбонов Хайриддин Шарифович 4 апрели соли 1961[1] дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Маскав (ҳозира Шӯрообод) ба дунё омадааст Маълумоти миёнаро то синфи нуҳум дар зодгоҳаш гирифта, як соли охир дар мактаби миёнаи № 30 ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Бохтар) таҳсил ва соли 1997 хатмаш кардааст. Баъди хатми мактаби миёна як сол роҳбари маҳфили адабии Хонаи пионерони шаҳри Қӯрғонтеппа будааст. Соли 1978 донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шуда, соли 1983 соҳиби диплом гардидааст. Сипас, то соли 1993, дар мактаби миёнаи № 40 ноҳияи Кӯлоб омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, баъдан, то соли 1999, инспектори калони Маркази иттилоотии Раёсати гумруки вилояти Хатлон будааст. Соли 1999 гимназияи хусусии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, вазифаи директории онро бар уҳда доштааст. Аз соли 2001 котиби масъули шуъбаи Хатлонии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Сипас дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият бурда, ҳоло директори Муассисаи «Дунёи китоб»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Соли 1987 дар шаҳри Кӯлоб, соли 1993 дар Қӯрғонтеппа, соли 2012 дар Душанбе маҳфили адабии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, дар тарбияи соҳибистеъдодони ҷавон ҳиссаи шоиста мегузорад.
Бо дастгирии Ҳукумати вилояти Хатлон моҳномаи адабии «Гулбарг»-ро таъсис додааст, ки то имрӯз минбари асосии қаламкашони вилоят мебошад.
Муаллифи асари «Хайробод» мебошад, ки китоби якумаш соли 2005 дар Эрон, китоби дувумаш соли 2004 дар Тоҷикистон интишор ёфтааст. Инчунин, муаллифи маҷмӯаҳои «Зиёратнома» (1993), «Сад қатра ашк» (1994), «Замзама» (1996), «Хайробод» (2004), «Тоҷикнома» (2006), «Чархофалак» (китобҳои 1-4; 2006—2007), «Ғазалпайванд» (китобҳои 1,2; 2007) ва «Куллиёт» (ҷ.1, 2010) мебошад.
Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст[2].
Шоири халқии Тоҷикистон (2024)[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 4 апреля 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-4-aprelya-2014-goda Бойгонӣ шудааст 8 августи 2014 сол.
- ↑ ХАЙРАНДЕШ. ИНТ. 22 Декабри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 30 августи 2024 санҷида шуд.