Хайруллоҳ Насруддин
Хайруллоҳ Насруддин (Хайрулло Насриддинов; зод. 1 ноябри 1949[1], ноҳияи Бойсун, вилояти Сурхондарё) — овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2008)[1], Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2023)[2].
Зиндагинома
вироишХайрулло Насриддинов 1 ноябри соли 1949 дар деҳаи Пусурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбакистон ба дунё омадааст. Падараш Насриддин Нуъмонов солҳои 20-ум яке аз аввалин муассисони мактабҳои нав дар Бойсун ва бародараш Иноят Насруддин нависанда ва рӯзноманигор маъруфи тоҷик мебошанд.
Авоили солҳои 1970-ум Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм карда, муддати начандон зиёд ба ҳайси ҳунарпеша дар Театри Лоҳутӣ кор кардааст. Сипас бо исрори падараш ба Бойсун баргашта, то ҳол дар театрҳои маҳаллӣ фаъолият дорад[3][4].
Эҷод
вироишДар равияи ҳавоҳои дилфиреби халқӣ бо такмилу ислоҳҳо навоҳои зиёдеро чун «Падарҷон», «Ташнагӣ», «Гули саҳар», «Роҳи сафед», «Ҳиҷоб», «Сабоҳ», «Модар», « Чашми ман», « Муроди дил», «Таманно», «Марав ту», «Тӯй», «Сабзаи орзу», «Лайлӣ», «Табассум», «Вафо», «Ҷони интизорам» ба савғо овардааст. Вале беҳтарин таронааш бешак, суруди «Тоҷикам» аст, ки торҳоро дар хилқати садоҳои форам зери итоаташ гирифта, онро бо ифтихор ва шевотарин сабк ба қалби ҳаммиллатон расондааст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Ба зодаи Бойсуни Ӯзбекситон Хайрулло Насриддинов унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон супурданд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (6 октябри 2023). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Аваз Юлдашев. Таърихи суруди як ҳунарманд аз Ӯзбекистон, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ҳамовозӣ кард. asiaplustj.info. ASIA-Plus (26 июли 2018). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Мирасрор Аҳроров. Маҳфили хушобуранге баргузор шуд. ovozitojik.uz. Овози тоҷик. 16 Январ 2024 санҷида шуд.