Хайрулло Аҷиков (тав. 01. 11. 1953, деҳаи Шулубтуи Кангурти ноҳияи Совет), муаллими педагогика.

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1971–1975 дар шуъбаи филологияи Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1975–1976 муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи №10 ноҳияи Файзобод, 1977–1982 муаллими забон ва адабиёт, директори мактаби миёнаи № 34 ноҳияи Восеъ, 1983–1997 директори мактаби миёнаи №3 ноҳияи Восеъ, 1997–2001 нозири идораи маорифи ноҳияи Восеъ, 2002– 2004 ҷонишини директори летсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 2004–2006 директори летсейи номбурда, 2006–2007 муовини декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2007 муаллими калони кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ ва аз соли 2008 муовини декани факултети педагогикаи донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба тарбия мебошад. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст.

Баъзе ақидаҳои Виготский Л.С. оид ба инкишофи нутқи кӯдакон // Системаи методии таълим (Маводи конференсияи илмӣ), Д., 2009.

Пайвандҳо

вироиш