Хайрулло Табаров
Хайрулло Табаров — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 20 август 1964 (60 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб |
Зиндагинома
вироишХайрулло Табаров соли 1987 факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро хатм кардааст. Аз соли 1988 то соли 1992 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 33, 39 ноҳияи Вахш. Солҳои 1993-1997 аспирант ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа, ҷонишини декан оид ба таълими факултаи филология тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа. Аз соли 1987 то соли 2005 ба таври гузариш ба кафедраи усули таълими забони тоҷикӣ ва саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ барои факултаҳои ғайрифилологии Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ (собиқ ба номи Ғ. Ҷӯраев), аз соли 1988 то соли 2005 ба ҳайси муовини декан оид ба таълими факултаи забонҳои хориҷии (англисӣ) донишгоҳи мазкур. Соли 2005 ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2005 дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2007 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Вижагиҳои луғавӣ ва сарфии забони ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ» ҳимоя намудааст. Муаллифи 1 монография, 2 васоити таълимӣ ва бештар аз 25 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.[1] Солҳои 2014 то 2021 мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аз соли 2021 дотсенти кафедра аст. [2]
Осор
вироиш- Таълими аломатҳои китобат. –Душанбе, 2002;
- Забони тоҷикӣ (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултети кимиё). -Душанбе, 2012 (ҳаммуаллиф);
- Ҳоҷӣ Ҳусайн – шоири суханофарин. –Душанбе, 2012;
- Ҳоҷӣ Ҳусайн ва арзиши сухан (ҳаммуаллиф). –Душанбе, 2013.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Кафедраи забони тоҷикӣ,Хайрулло Табаров(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.
- ↑ Состав кафедры,Хайрулло Табаров(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 феврали 2016.