Харкашак
Харкашак, харбуз, харбузкашак, бузихарӣ
Яке аз бозиҳои маъруфи бачагон, ки ба тақлиди мусобиқаи бузкашӣ баргузор мешуд. Он бештар дар фасли зимистон, дар маъракаҳои хурди оилавӣ барпо мегашт. Бачаҳо дар ягон майдони васеъ харсавор ҷамъ омада, ягон чизеро, масалан, ҷома ё пўстакро ба миён мепартофтанд ва ба он дармеафтоданд. Ҳар касе, ки пўстакро аз байн гирифта, ба марра расонад, ғолиб ба шумор мерафт. Ба ғолибон аз ҷониби соҳиби маърака рўймолак, тоқӣ, собун ва монанди инҳо туҳфа дода мешуд.Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т.1, Д., 2002.
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 197