Хайёлии Бухороӣ (форсӣ: خیالی بخارایی[1]; ? — 1447, Бухоро) — шоир ва донишманди форс-тоҷик, ҳамзамони Мавлоно Бурундуқ ва Бисотии Самарқандӣ.

Хаёлии Бухороӣ

Зиндагинома

вироиш

Аҳмад Хаёлии Бухороӣ дар аҳди салтанати Улуғбек зиста ифтихори шогирдии Хоҷа Исмати Бухороиро доштааст. Замоне дар шаҳри Ҳирот зистааст ва аз ин хотир дар бархе тазкираҳо ба Хаёлии Ҳиротӣ ёдоварӣ шудааст.

Маҳали фавти шоир зодгоҳаш Бухоро мебошад. Аз Хаёлии Бухороӣ девони ғазал боқӣ мондааст.

Намунаи ашъор

вироиш

Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.
Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.
Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.
Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман Соҳиби хона.
Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.
Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.
Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами Туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

  1. https://rch.ac.ir/article/Details/8934. دایرة المعارف اسلامی.

Адабиёт

вироиш
  • تاریخ ادبیات در ایران/جلد چهارم/ذبیح‌الله صفا/چاپ سوم/۱۳۶۴/تهران