Хуфу, Хеопс (юн. Χέωψ, Cheops) — дувумини фиръавн аз дӯдмони чаҳорум фиръавнҳои Мисри бостон ба шумор меравад ва даврони фармонравоияш (2589—2566 пеш аз милод) баровард шудааст. Хуфу ҳарами бузурги Ҷиза аст.

Аҳроми Хеопс

Таърих

вироиш

Аҳроми Хеопс ба қатори мӯъҷизаҳои олам ворид шудааст. Ии аҳромро 2800 - 2250 сол пеш то солшумории мо дар Мисри қадим бино кардаанд.

Сохтмон

вироиш

Пойдевори он аз ҳар тараф 233 метрро ташкил медиҳад. Баландии он 147 метр буда, дар сохтмони он 2 300 000 тахтасанг, ки ҳар яки он ба ҳисоби миёна 2,5 тонна вазн дорад истифода шудааст. Тарафҳои аҳром ба дарозии танҳо 20 см аз ҳамдигар фарқ доранду халос. Сохтори ин иншооти бузург бо қутбнамо сурат гирифтааст. То садсолаи нуздаҳум аҳроми Хеопс иншооти бузурги ҷаҳонӣ ба шумор мерафт. Дар дохили аҳром ҳуҷраи фиръавн ҷойгир аст, ки бо санги хорои сурх ороиш дода шудааст ва онро 640 км дуртар аз Ҷиза (макони аҳром) ба воситаи дарёи Нил овардаанд. Дар бораи аҳроми Хеопс аввалин маротиба Геродот маълумот медиҳад. Ин аҳром гӯё барои фиръавни Хуфа, ки юнониён ӯро Хеопс хондаанд, сохта шудааст. Онро дар зарфи 20 сол 100 000 ғулом сохтаанд.. Сохтани аҳром кори басо душворе буд, зеро дар ин давра дастгоҳҳои техникӣ мавҷуд набуданд. Дар коркарди санг асбобҳои мисинро истифода мебурданд, ки зуд мешикаст. Тахтасангҳоро бо пармаҳои мисин сӯрох ва бо фонаҳои чӯбин зада мекафонданд. Амали рандакунӣ низ бо исканаҳои мисин анҷом меёфт.

Мақсади сохтмони аҳром

вироиш

Сохтори аҳромро лоиҳакашони мисрӣ барои роҳ наёфтани ғоратгарон ба дахмаи фиръавн хеле мураккаб тарҳрезї намудаанд. Солиёни дароз дуздон ба дахмаи фиръавн роҳ меҷустанд. Онҳо андеша доштанд, ки дар дахма дар қатори дигар ашёҳои зарурии рӯзгор зарру тило низ фаровон аст. Вале дарёфти даромадгоҳи дахма ба онҳо муяссар намегашт. Соли 820 халифаи араб Абдулло Ал-Манул азми бозёфти ин ганҷинаро кард. Ӯ ба коргаронаш супориш дод, ки ковишро аз зери бинои аҳром оғоз намоянд. Баъд аз ковиши чанд даҳметра садои баланди бархӯрди чизе дар дохили аҳром онҳоро аз кор боздошт. Онҳо акнун ковишро ба сӯи садо идома доданд ва оқибат ба дохили аҳром роҳ ёфтанд. Дар фарш сангтахтаи калонро диданд, ки аз шифт афтодааст. Дар аввали роҳрав, ки онҳо воқеъ буданд, дари махсусро мушоҳида намуданд. Аз ҳамон ҷое, ки тахтасанг афтода буд, сӯрохие мавҷуд буд. Ин роҳ онҳоро ба маркази аҳром мебурд. Дар чанд ҷой роҳро бо сангҳои калон баста буданд. Коргарон бо машаққати зиёд ба ҳуҷраи шоҳ роҳ ёфтанд. Баъдан онҳо дар пайвандии ду роҳрав боз сӯрохиеро диданд, ки ин роҳ ба сӯи хонаи шоҳ буд. Он ҷой тобути сангини бесарпӯш гузошта шуда буд. Ин хона холї буд. Ҳамаи умеди арабҳо барбод рафт. Онҳо ба хотири дарёфти тило ва ҷавоҳирот заҳмат кашида буданд. Баъди ноумедӣ онҳо хостанд, ки аҳромро аз байн баранд ва ба ин баҳона масолеҳи онро ба Қоҳира кашонанд. Ин кор ғайриимкон буд. Онҳо аз болои аҳром то 10 м сангпораро гирифтанду халос. Саволе пайдо мешавад, ки дороии шоҳ Хуфа куҷост? Гурӯҳе андеша доранд, ки пеш аз арабҳо ғоратгарон ба он роҳ ёфтаанд. Вале коргарони Абдулло Ал-Манул далолат медиҳанд, ки ҳамаи даромадгоҳҳо маҳкам пӯшида буданд. Соли 1838 математики англис Ҷон Грейвс аз ин аҳром дидан кард ва роҳи тангеро аз боло ба он кашф намуд. Ин роҳро наздикони фиръавн барои баромадан аз дахма сохта буданд. Шояд дуздон аз ин роҳ истифода бурда бошанд. Олимон шубҳа доранд, ки ба ин роҳи танги ноаён ва пур аз харсангпораҳо ганҷинаи зиёдеро, махсусан сарпӯши тобутро чӣ гуна метавон баровард. Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки аҳром на ба сифати дахмаи фиръавн, балки ҳамчун расадхонаи астрономӣ хидмат мекард. Вақте ки аҳром 2000 сол дошт, ин андешаи ҷолибро Проклӣ расман баён карда буд. Астроном Рнчард Грикор роҳрави ба поёнро барои мушоҳидаи ҳаракати ситораҳо муносиб меҳисобид. Аксари бостоншиносон ин андешаро рад менамоянд ва сохти аҳромро барои нигоҳдошти ҷисми фиръавн меҳисобанд. Ин муаммо то ҳол барои инсоният нокушода мемонад. Шояд замоне ояндагон аз ин сир огоҳӣ ёбанд.

Манбаъ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш