Хирманак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Хирманак то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1615 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Хирманак
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Сомон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1615 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Таърих

вироиш

Деҳа таърихи 300—500 сола дорад. Русто барои он «Хирманак» ном гирифтааст, ки мардум ба зироаткорӣ машғул шуда, аз шолию гандум хирманҳои хурд-хурди зиёдеро барпо мекардаанд[2].

Иқтисод

вироиш

Дар Хирманак дармонгоҳи «Хирманак», мактаби миёна, мактаб-интернати ҷумҳуриявии касалиҳои фалаҷ, масҷиди панҷвақта, мағозаю дӯконҳо 2 осиёбу 2 ҷувози барқӣ фаъолият доранд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 583