Хоккей бо тӯб (инчунин бенди низ ном бурда мешавад, аз англ. bandy, ва русӣ: хоккей) — бозии зимистона ва бозии даставии варзишӣ буда дар майдони яхин бо иштироки ду даста (ҳар як даста иборат аз даҳ бозингари майдонӣ ва як дарвозабон) гузаронида мешавад.

Хоккей бо тӯб
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Ном Federation of International Bandy[d]
Веб-сайт worldbandy.com(англ.)
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳамаи бозингарон, барои дар рӯи ях ҳаракат кардан, дар пойҳояшон конкиро истифода мебаранд. Бозингарон бо чавғон кӯшиш мекунанд, ки тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид созанд. Дарвозаҳоро дарвозабонҳо бе истифодаи чавғон ҳимоя мекунанд. Давомнокии бозӣ: 2 тайм иборат аз 45 дақиқа; ҳангоми номусоидии вазъи ҳаво (хунукии ҳаво ё бориши зиёди барф) доварон — 3 тайма иборат аз 30 дақиқа таъйин мекунанд. Дастае ғолиб дониста мешавад, ки голҳои зиёд задааст. Ибораи «хоккей бо тӯб» дар Россия расмӣ қабул шудааст. Дар сатҳи байналхалқӣ «бенди» ном бурда мешавад. Federation of International Bandy. Хоккей бо тӯб расман дар Кумитаи байналхалқии олимпӣ ҳамчун бозиҳои зимистона қабул шудааст вале дар барномаи Бозиҳои олимпии зимистона то ҳол дохил нашудааст. Дар VI бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Осло дар соли 1952 намоиш дода шуда буд. Дар VII бозиҳои зимистонаи Осиё дар соли 2011 хоккей бо тӯб расман қабул шуда буд. Декабри соли 2012 дар шаҳри Алма-Ато аввалинбор чемпионати Осиё барои хоккей бо тӯб шуда буд. Президенти Федератсияи хоккей бо тӯб ва Федератсияи байналхалқии бенди (FIB) Борис Скринник, декабри соли 2011 эълон кард, ки хоккей бо тӯб шояд дар барномаи бозиҳои зимистонаи Олимпии соли 2018 дохил шавад, вале 8 июни соли 2015 баъди ҷамъбаси маҷлиси Кумитаи байналхалқии Олимпӣ қабул нашуд.