Холбобо Баротов

Холбобо Баротов (тав. 1906, деҳаи Селбури ноҳияи Ҳисор — 1959, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон. (1956).

Холбобо Баротов
Таърихи таваллуд 1906
Зодгоҳ деҳаи Селбури ноҳияи Ҳисор
Таърихи даргузашт 1959(1959)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1957
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

ЗиндагиномаВироиш

Солҳои 1921—1928 подабон, 1929—1942 колхозчӣ, ҳисобчӣ, мудири минтақа, 1943—1948 раиси к-зи «Ленинград»-и ноҳияи Шаҳринав, 1949—1951 раиси ҷамоати деҳоти Қадди Ҷӯйбор ва 1952—1959 бори дуввум раиси хоҷагии «Ленингради»-и ноҳияи Ҳисор буд. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 3).

Ордену медалҳоВироиш

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш