Холиқ Бобоев
Холиқ Бобоев (1876, деҳаи Дараи Ҳабаши ноҳияи Муъминобод — 1909, ҳамон ҷо) — ширинкор ва масхарабози тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1876 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1909 |
Кишвар | |
Пеша | бозигарӣ |
Зиндагинома
вироишИн ҳунарро аз масхарабози касбӣ Набии Даштиҷумӣ омӯхта, дар 19-20-солагиаш ҳамчун масхарабоз шуҳрат ёфтааст. Ӯ аслан ба деҳқонӣ шуғл варзида, латифа, афсона, нақлу ривоят, зарбулмасал ва рубоиҳои халқии бисёре медонист. Бобоев драмаҳои халқии «Бобопирак», «Хирсбозӣ», «Раис», «Бофандагӣ», «Осиёб», «Ҷувоз» ва ғ-ро дар тӯю маъракаҳои халқӣ иҷро намуда, камбуду нуқсонҳои зиндагиро зери танқид мегирифт, бо ҳаҷви тезутунд ва нишонрас онҳоро фош мекард. Ӯ аз имкониятҳои театри халқӣ, хусусан санъати ҳаҷву мублиға фаровон истифода мебурд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Бобоев Холиқ / Н. Нурҷонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.