Холиқ Мирзозода
Холиқ Мирзозода (11 майи 1911, деҳаи Равонак, ноҳияи Самарқанд — 25 ноябри 1992, Самарқанд, Узбакистон) — адабиётшинос, мунтақид ва омӯзгор, доктори илми филология (1968), профессор (1969). Узви Иттифоқи нависандагони СССР (аз с.1944). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1948), Омӯзгори хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон (1958).
Холиқ Мирзозода | |
Таърихи таваллуд | 11 май 1911 |
Зодгоҳ | деҳаи Равонак, ноҳияи Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 25 ноябр 1992 (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | Самарқанд, Узбакистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Вазорати маорифи Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1948), Омӯзгори хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон (1958) |
Зиндагинома
вироишХолиқ Мирзозода соли 1935 Университети давлатии ш. Самарқанд ба номи Навоиро хатм намуда, ба сифати муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко фаъолияташро оғоз намудааст. Солҳои 1940—1946 муаллими Техникуми духтаронаи Душанбе буд. Соли 1947 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко таъйин гардид ва қариб чил сол дар ин вазифа хидмат ба ҷой овард.
Фаъолияти илмӣ
вироишАз зумраи адабиётшиносони барҷастаи тоҷик мањсуб меёбад, ки бо ҷиддияти тамом беш аз ним асри њаёташро ба рушду нумӯи илми миллат харҷ намудааст. Перомуни масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, даврањои адабиёт, назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик, эҷодиёти адибони ҷудогона, таърихи адабиёт ва ғайра беш аз чорсад асару мақола, очерку тақриз навиштааст, куллиёти Ҳофиз, Убайди Зоконӣ, Шоҳинро нашр сохта, маллифи китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» барои мактабҳои миёна ва олӣ мебошад. Бо роҳбарии ӯ зиёда аз 20 нафар унвонҷӯ рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд.
Ҷоизаҳо
вироишБо ду медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Осор
вироиш- Программањои мактабҳои миёнаи нопурра. — Сталинобод, 1943;
- Программаи адабиёт. — Сталинобод, 1946;
- Программаи адабиёти қадим ва классикии тоҷик. — Сталинобод, 1949;
- Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик: (Асрњои XVI—XIX). — Сталинобод, 1952;
- Шамсиддин Шоҳин. — Сталинобод, 1956;
- Абуабдуллои Рӯдакӣ-асосгузори адабиёти классикии тоҷик. — Сталинобод, 1958;
- Абуабдулло Рудаки — основоположник таджикской классической литературы. — М., 1958;
- Ҳабиб Юсуфӣ. — Д., 1961;
- Аҳамияти адабиёти тоҷик дар тарбияи атеистӣ. — Д., 1961;
- Мирсаид Миршакар. — Д., 1962;
- Шамсиддин Шоҳин. — Д., 1962;
- Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик. — Д., 1962;
- Мулоҳизаҳо дар бораи адабиёт. — Д., 1963;
- Ақидаҳои зиддидинӣ дар адабиёти тоҷик. — Д., 1966;
- Основные вопросы идейно — эстетического развития таджикской советской поэзии 20-х годов. — Д., 1968;
- Адабиёт аз нуқтаи назари ҳаёт: (Маҷмуаи мақолаҳо). — Д., 1973;
- Образи бадеӣ чист?. — Д., 1976;
- Масъалањои асосии инкишофи идеявӣ ва эстетикии назми советии тоҷик дар солҳои бистум. — Д., 1977;
- Нуктаи назари зиддидинӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик. — Д., 1978;
- Афкори рангин: Маҷмӯаи мақолаҳо. — Д., 1981.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Муллоҷонов М. Холиқ Мирзозода. — Д., 1961;
- Холиқ Мирзозода. (Фењристи тарљимањолї). — Д., 1982;
- Худойдодов А. Муҳаққиқ. — Д., 1992.
Сарчашма
вироиш- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С. 79
- Қомусномаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ. — Д. 2012. — С. 235—238
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |