Холназар Муҳаббатов

Муҳаббатов Холназар (тав. 25. 06. 1945, деҳаи Шули ноҳия Ғарм) — иқтисоддон ва географи тоҷик, доктори илмҳои география (1999), профессор (2005), аъзои Иттифоқи журналистони ИҶШС (1985), аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995).

Холназар Муҳаббатов

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1961—1965 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1966—1970 лаборанти калон ва ходими хурди илмии Совети тадқиқоти қувваҳои истеҳсолкунандаи (СОПС) Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, 1970-9173 аспиранти Академияи илмҳо ва Совети тадқиқоти қувваҳои истеҳсолкунандаи назди Госплани ИҶШС дар шаҳри Москва, 1974—1977 ходими хурди илмӣ, 1977—1979 ходими калони илмӣ, 1979—1983 мудири сектор, 1983—1988 мудири шуъбаи захираҳои табии СОПС-и АИ ҶШС Тоҷикистон, 1988—1991 раиси Комитети иттифоқҳои касабаи АИ Тоҷикистон, 1991—1995 мудири шуъбаи география ва экологияи назди Президиуми АИ Тоҷикистон, 1995—1997 мудири сектори Институти геологияи АИ Тоҷикистон, 1997—2000 докторанти Институти географияи АИ Федератсияи Россия, 2000—2002 мудири шуъбаи Институти геологияи АИ Тоҷикистон, 2002—2007 мудири шуъбаи иқтисодиёти минтақавии Институти тадқиқотӣ- иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 инҷониб ҳамчун мудири кафедраи туризм ва методикаи таълими географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Солҳои 1976—1982 ҳамчун муаллими ҳамкор дар кафедраи географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 2000—2006 дар кафедраи географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев фаъолияти омӯзгорӣ бурдааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи 15 асар, зиёда аз 250 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, ҳаммуаллифи 5 китоби дарсӣ, муҳаррири масъули 8 китоби илмӣ, дарсӣ ва илмию методӣ мебошад. Оид ба масъалаи истихроҷи манбаъҳои муҳими ашёҳои минералӣ, ҷангал, обу гидроэнергетика, захираҳои табиии кӯҳистони Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ-географӣ корҳои илмӣ бурда, роҳҳои самаранок истифода бурдани сарватҳои табииро бо назардошти ҳифзи муҳити зист нишон додааст. Дар давоми фаъолияти корияш дар тартиб додани Атласи ҶШС Тоҷикистон иштирок намудааст. Дар тадқиқ ва тартиб додани «Нақшаи ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии Тоҷикистон барои солҳои 1971—1980» ва «Нақшаи комплекси территориявӣ-истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ» саҳми худро гузоштааст. Дар ҳамкорӣ бо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи муҳити зист, Сарраёсати «Тоҷикгеология» ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар таҳияи «Барномаи давлатии комплекси прогресси илмӣ-техникии Тоҷикистон барои солҳои 1986—2000» ва «Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ширкат варзидааст. Дар 26 симпозиуму конференсияҳои илмӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Киев, Минск, Амстердам, Деҳлӣ, Вашингтон, Анқара, Теҳрон, Урумчӣ ва ғайра маърӯза ва гузоришҳо намудааст. Ӯ аъзои раёсати Ассотсиатсияи Байналмилалии Академияи илмҳо (МААН) ва иштирокчии лоиҳаҳои зиёди байналхалқӣ, аз ҷумла Лоиҳаи байналхалқии ҳавзаи баҳри Арал(GEFWB) мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комитети иттифоқҳои касабаи коркунони илму маорифи ИҶШС сарфароз шудааст.

  • Афзоиши аҳолӣ ва захираҳои табиӣ, Д,1975;
  • Минерально-сырьевые ресурсы Таджикистана (бо ҳаммуаллифӣ), Д.,1982;
  • География (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1984;
  • Эффективность использования строительного сыря Таджикистана, Д., 1984;
  • Инсон ва табиат, Д.,1984;
  • Минерально-сырьевые ресурсы Памира (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1985;
  • Ганҷинаи табиати Тоҷикистон, Д., 1987; Табиату сарвати кӯҳсор, Д.,1990;
  • Таджикистан. Справочник, Д., 1996;
  • Природно-ресурсный потенциал горных регионов Таджикистана, М., 1999;
  • Tajikistan,Paris, 1999;
  • Ҷуғрофияи Тоҷикистон (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2000;
  • Таджикистан основной источник пресной воды Центральной Азии, Д., 2003;
  • Об манбаи ҳаёт, Д., 2003; Термальные воды Таджикистана, Д., 2003;
  • Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики, Д., 2005;
  • Географияи иқтисодӣ ва сотсиалии ҷаҳон (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006;
  • Таджикистан. Справочник, Д., 2006;
  • Географияи Тоҷикистон, Д., 2009.

Пайвандҳо

вироиш