Хоритес
Хоритес (юн.-қад. Χάριτες) — дар асотири Руми Бостон се илоҳаи зебоӣ ва назокат. Бо Харитҳои асотири Юнони Қадим айният дорад. Дар бораи падару модар ва шумораашон ривоятҳои мухталиф вуҷуд дошта, фарзияи се тан буданашон маъмул аст. Дар таълимоти навафлотуния Хоритес намоде аз се ҷанбаи ишқ, дар фарҳанги асримиёнагӣ рамзи фазилат, зебоӣ, муҳаббатанд ва рамзашон садбарг, лола, себ мебошад. Хоритес баъзан барои нишон додани дуриашон аз найрангу фиреб бараҳна ва дар либоси ҳарир тасвир меёбанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гратсияҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.