Хоҷакалони Даҳбедӣ

Абумуҳаммад Аминӣ, машҳур ба Хоҷакалони Даҳбедӣ (асри 16) — шоири тоҷик .

Хоҷакалони Даҳбедӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Пас аз таҳсили илмҳои мадрасавӣ худ ба тадрис машғул шуд. Тазкиранавис Мутрибӣ, ки дар борааш маълумот додааст, яке аз шогирдони ӯ буд. Дар тазкираҳо аз соҳибдевон буданаш ёд шудааст, вале девонаш пайдо нагардидааст.

Намунаи ашъор

вироиш

Абёти зерин аз ӯст:

Савдои он нигор маро мекунад хароб,
Сӯзи даруни сина дилам мекунад кабоб.
Афғонкунон ба кӯи ту ҳар лаҳза меравам,
Бо синаи пуроташу бо дидаи пуроб…
Раҳме агар ба ҳоли Аминӣ намекунӣ,
Мемонад ин фақир паси пардаи ҳиҷоб.

Адабиёт

вироиш
  • Суханварони Сайқали рӯи замин, Д., 1973.