Хоҷа Маҳмуди Сеторӣ

Хоҷа Маҳмуди Сеторӣ (1520, Бухоро — 1598, Бухоро) — навозанда, хонанда, мусанниф ва шоири форс-тоҷик.

Хоҷа Маҳмуди Сеторӣ

Зиндагинома

вироиш

Санъати овозхонӣ, сознавозиро ибтидо аз падараш, ки марди шоиртабъу ҳунарманд буд, меомӯзад. Зиндагӣ ва фаъолияти Хоҷа Маҳмуди Сеторӣ дар Бухоро гузашта, ҳунарандӯзиаш дар ин ҳавзаи ҳунарӣ сурат гирифтааст. Барои такмили сознавозӣ ба шогирдии Хоҷа Мираки Маҷрӯҳи Бухороӣ ворид шуда, аз ӯ асосҳои назарию амалии сознавозӣ, санъати таснифсозиро меомӯзад.

Дар сози сетор нобиғаи замон буда ва барои ин соз таснифоти тоза сохта, махсусан «Савти Сеторӣ», «Пешрави Сеторӣ», «Амали Сеторӣ», «Нақши оина», «Савти оламафрӯз», «Саҷъ ба Наво», «Саҷъ ба Рост», «Кор ба Фохтазарб» ва ғ. назди аҳли созу овоз маъмулу писандида, устодони ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Марв, Самарқанд тазмину назираҳои рангини мусиқӣ эҷод намудаанд. Хоҷа Маҳмуди Сеторӣ дар ҳавзаи иҷроии Бухоро бо сабки хоси иҷроияш шӯҳрат пайдо намуда, пайравону шогирдонаш Солеҳи Сеторӣ, Наврӯзи Сеторӣ (Хонанда) ва диг. сабки ӯро идома медиҳанд. Хоҷа Маҳмуди Сеторӣ ба ашъори Кавкабии Бухороӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ва диг. дар шаклу анвои «амал», «қавл», «савт», «нақш» таснифоти рангин сохта, дар тазмини «Куллиёт»-и ӯ ба мақоми «Рост» асари тозае сохтааст. Хоҷа Маҳмуди Сеторӣ ғазалу рубоӣ, маснавӣ, соқиномаҳои ҷолиб суруда ва ба аксарашон оҳангҳои рангин эҷод кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. —ISBN 978-99947-49-13-3.