Хоҷа Мулломуҳаммади Зангбоз

Хоҷа Мулломуҳаммади Зангбоз (1537, Бухоро — 1608, Бухоро) — навозанда, хонанда, ҳаззол, мусанниф ва шоири форс-тоҷик.

Хоҷа Мулломуҳаммади Зангбоз

Зиндагинома

вироиш

Санъати навозандагӣ, овозхонӣ, ширинкорию базлагӯиро аз падараш, ки аҳли ҳунар буд, меомӯзад. Ибтидо фаъолияти иҷроияшро ба ширингуфторию базлагӯӣ оғоз намуда, дар ҳунари сознавозӣ, овозхонӣ «нодираи рӯзгор ва аъҷубаи замон» (Восифӣ, «Бадоеъу-л-вақоеъ»). Дар созҳои танбӯру қонун, барбат «моҳири давр, фусунгари маҷлиси акобиру удабо буд» ва дар ин созҳо ихтирооти тоза намуда, аҳли созу наво писандиданд. Мулло Муҳаммади Зангбоз дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «савт», «қавл», «рехта» таснифоти рангине ба зарбу навоҳои мақомҳои «Рост», «Ҳиҷозӣ», «Наво», «Ҳусайнӣ» (бар усулҳои «Шодиёна», «Барафшон», «Мухаммас», «Зарбулфатҳ») сохта, махсусан асарҳои «Пешрави занг», «Кор ба тариқи Наво», «Қавл ба Рост», «Савти Зангбоз», «Нақши зангу саворӣ», «Кор ба Роҳи боло», «Рехта бар Самоӣ», «Мухаммаси Зангбоз» ва ғ. дар доираҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Марв шӯҳрати зиёд доштаанд. Мулло Муҳаммади Зангбоз дар ҳунарҳои намоишии чашмбандӣ, ширинкорӣ, санъати хаттотӣ, мӯҳрканӣ «табъи равону завқи саршор» (Восифӣ) дошт. Шеърро некӯ мегуфт.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. —ISBN 978-99947-49-13-3.