Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ
Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ (1540, Бухоро — 1610, Бухоро) — навозанда, мусанниф ва шоири форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1540 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1610 |
Пеша(ҳо) | навозанда, шоир |
Зиндагинома
вироишАз асилзодагон, фарҳангиёни Бухоро буда, падараш шоирпешаю ҳунарманду донишманд буд ва асосҳои илму ҳунари замонаашро аз ӯ омӯхт. Ба сознавозӣ, овозхонӣ аз овони ҷавонӣ пардохта, дар созҳои танбӯру қонун, сато бештар маълуму машҳур буд. Дар сози танбӯр тағйироте ворид намуда, дар ин замина асарҳои созию овозӣ дар ҳамовоии ин соз тасниф кардааст. Муддати зиёд назди Устод Султонмуҳаммади Танбӯрӣ дарси маҳорат, таснифофарӣ андӯхта, ба ифтихори ӯ «Куллиёти танбӯр» (ба зарбу навои «Ҳусайнӣ», усули «Барафшон», матнашро худаш тадвин карда) таълиф намуд. Хоҷа Наврӯзи Танбӯрӣ дар шаклу анвои шеърию мусиқии «амал», «пешрав», «навбат», «савт», «куллиёт», «қавл» ба ашъори Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Кавкабии Бухороӣ, Мушфиқӣ ва диг. эҷод карда, аз ҷумла «Пешрав Танбӯрӣ», «Амали ду гул» (ба мақоми «Ироқ»), «Савти паричеҳр» (ба мақоми «Исфаҳон»), «Нақши чашмони олу» (ба мақоми «Ушшоқ») ва «Куллиёт» (ба мақоми «Рост», назираи мусиқӣ ба «Куллиёти Кавкабӣ») ва ғайра дар ҳавзаҳои Бухорою Самарқанд, Марв назди аҳли созу овоз мақбулу писандида будааст.
Хоҷа Наврӯз табъи хуби шоирӣ дошта, ғазалу соқиномаро некӯ мегуфтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. —ISBN 978-99947-49-13-3.