Норхоҷа Чоризода

шоир ва файласуфи тоҷикзабони Ӯзбекистон
(Тағйири масир аз Хоҷа (Норхоҷа Чоризода))

Норхоҷа Чоризода (тахаллуси адабиаш — Хоҷа; тав. 28 октябри 1972; Қашқадарё, Ӯзбекистон) — шоир ва файласуфи тоҷикзабони Ӯзбекистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2005).

Хоҷа
Норхоҷа Чоризода
Таърихи таваллуд: 28 октябр 1972(1972-10-28) (51 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, файласуф
Солҳои эҷод: 1995—то имрӯз
Жанр: ғазал, тарона
Забони осор: забони тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Норхоҷа Чоризода — мутахаллис ба «Хоҷа» дар 28 октябри соли 1972 дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дида ба ҷаҳон кушод. Вай баъди хатми мактаби деҳа дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар аспирантураи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд идомаи таҳсил намудааст. Алъон омӯзгори Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанд аст.

Эҷодиёт вироиш

Хоҷа аз солҳои донишҷӯӣ машқи шеър намуда, асарҳояш дар саҳифаҳои матбуот чоп шудаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш бо унвони «Паёме аз жарфои сукут» соли 1997 аз нашр баромадааст. Дар шеърҳои Хоҷа афкори фалсафӣ бо нақшҳои ҳаётӣ омезиш ёфтаанд.

Китобҳо вироиш

  • Паёме аз жарфои сукут (1997)
  • Муҷассамаи ишқ (2003)[1]

Инчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш