Худобердӣ Ҳақназаров

Худобердӣ Ҳақназаровдипломат, ходими давлатӣ, номзади илмҳои таърих (1987), собиқ Вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон (11.05.1992 -20.07.1992), Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20.07.1992 -11.1992).

Худобердӣ Ҳақназаров
дипломат

Зиндагинома

вироиш

Худобердӣ Холиқназаров 14 июни соли 1951 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд ёфтааст.

Шуъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1975).

Солҳои 1974 - 1976 - кор ба сифати тарҷумони забони дарӣ дар Афғонистон;

Солҳои 1976 - 1978 - мудири китобхонаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;

Солҳои 1978 - 1980 - кор ба сифати тарҷумони забони форсӣ дар Эрон;

Солҳои 1980 - 1987 - ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон;

Солҳои 1987 - 1988 - кор ба сифати тарҷумон дар Афғонистон;

Солҳои 1989 - 1991 - муовини мудири кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи забон ва адабиёти рус;

Солҳои 1991 - 1992 - раиси Ҷамъияти «Носири Хисрав»;

11.05.1992 - 20.07.1992 - Вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

20.07.1992 - 11.1992 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1993 - 1998 - ҷонишини раиси Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ;

12.02.1998 - 01.2000 - Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мувофиқи саҳмияи 30% аз Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъйин шуд);

Солҳои 2000 - 2001 - мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2001 - 2007 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷуҳурии Халқии Хитой.[1]