Хурдодгон
Хурдодгон — яке аз ҷашнҳои бостонӣ ба ҳисоб меравад.
Хурдодгон
вироишҶашни Хурдодгон дар шашуми хурдод ( саввумин моҳи сол) баргузор гардида, он ба хотири бузургдошти амшоспанд Хурдод мебошад.Хурдод амшоспанд бонуие аст, ки нигоҳдори обҳо дар ин ҷаҳон аст ва одамонро ҳангоми ташнагӣ ёрӣ медиҳад. Ҳангоми нӯшидани об аз ӯ ба некӣ ёд мешавад. Дар готҳо аз Хурдод ва Имрдод пайваста дар канори якдигр ёд мешаванд ва дар Авасто ин ду ампшоспанд посдорандаи обҳо ва гиёҳҳо буда ба ёрии мардумон меоянд, ташнагӣ ва гуруснагиро шикаст медиҳанд. Амшоспанд Хурдод дар матнҳои куҳан Чаҳорумин Яшт аз яштҳои бистгонаи авасто дар Яштҳо аз забони Аҳурамаздо ёдовар мешавад, ки “Ёри растагоре ва ромишу беҳрузи хурдодро барои мардумонашон биофарид”. Сипас таъкид мешавад ҳар он кас, ки Хурдодро бисутуд ҳаммонанди он аст, ки ҳамаи ампшоспандонро бисутуд.
Гул вижаи ҷашни Хурдодгон
вироишДар китоби “Бундаҳишт” аз гули савсан ба унвони гул вижаи амшоспандбону Хурдод ном бурда шудааст. Инро низ гӯянд, ки ҳар гуле аз амшоспанде ҳаст ва гули савсан ба Хурдод. Маъруфтари намунаҳои гули савсан назди эрониён савсани сапед ё савсани озод аст. Дар матни паҳлавӣ “Хусрави қубодон ва ридки” буйи гули савсани сапед чун “ бӯи дустӣ” тавсиф шудааст.
Оинҳои Хурдод
вироишЯке аз муҳимтарин рӯзе, ки дар ҷашни Хурдод пуррангтар мешавад, рафтан ба сарчашмаҳо ё канори дарёҳо, рудҳо, таншӯи дар об ва хондани ниёишҳо вижаи ин рӯз ҳамроҳ бо шодӣ ва сурур дар канори хонавода ва дӯстон будааст. Намунае аз суннатҳои роиҷ дар ин рӯзро метавон аз сурудаҳои “Дастури Дороби полон” мубади бузурги порсӣ дар манзумаи “Фарзиётнома” ба даст намуд, ки аз оинҳо вижаи хурдодрӯз ба таншӯи, кандани чоҳ, нав кардани корзор, ишора мекунад ва дар ҳамин маврид дар матни паҳлавӣ “Андарзи Анӯшервон равони озарпод, меҳри испандон” ёдоварӣ шуда, ки “дар Хурдод рӯзӣ ҷӯё кун” бар ин поя дар ин рӯз таваҷҷуҳи вижа мешуд ба нигоҳдорӣ ва навсозӣ дар ҷойҳое, ки об аз онҷо сарчашма мегирад ва дар он ҷо ҷорӣ мешавад чун чашма , чоҳ, ҷӯйҳо корезҳо ва рӯдҳо ки бо он об зиндагӣ бахши худ идомаи зиндагӣ барои зистан пайдо мекунад.
Манбаъҳо
вироиш- 1.Афиф Р. Асотир ва Фарҳанги Эрон дар навиштаҳои паҳлавӣ. –Теҳрон: Тӯс, 1376.
- 2.Ҳошим Р. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. –Теҳрон: Фаруҳар, 1358
- 3.http://www.irandeserts.com/content/article/جشن-خردادگان.