Хуршед Кабиров
Хуршед Кабиров — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 27 апрел 1973 (51 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишХуршед Кабиров соли 1996 шуъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст, солҳои 1996 – 1997 мудири шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии раёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи муҳити зист ва солҳои 1997-2001 ба сифати мутахассиси пешбари раёсати сиёсати илмӣ- техникӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоии Вазорати иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисоди хориҷии ҷТ фаъолият намудааст. Соли 2001 ассистенти кафедраи Хат ва матни форсии тоҷикии ДДМТ, соли 2007 муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ, аз соли 2012 то ҳол докторант. Соли 2009 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Вижагиҳои хоси забони шеъри Мавлоно Чалолиддини Румӣ» ҳимоя намудааст. Муаллифи 1 монография, 2 васоити таълимӣ ва бештар аз 15 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ мебошад.
Осор
вироиш- Дастури иншонигорӣ (барои довталабони макотиби олӣ). – Душанбе: «Нодир», 2008 (ҳаммуаллиф);
- Дастури таълимии забони тоҷикӣ барои факултетҳои иқтисодӣ (замима ба китоби дарсӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2009 (ҳаммуаллиф);
- Султони мулки сухан (Вижагиҳои хоси забони шеъри Мавлоно Чалолиддини Румӣ). – Душанбе, 2001 (монография).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедраи забони тоҷикӣ, Хуршед Кабиров(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 28 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.