Хуршед Рустамзода (тав. 6 апрели соли 1966) — табиби тоҷик, мудири Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”.

Хуршед Рустамзода

Зиндагинома ва корнома

вироиш

Хуршед Рустамзода 6 апрели соли 1966 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1989 онро хатм намудааст. Аз соли 1989 то соли 1990 ба ҳайси интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Соли 1993 дар шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи Марказии ноҳияи Данғара ба ҳайси табиби ҷарроҳ кор кардааст. Солҳои 1993-1995 ҳамчун табиб-ординатори клиникӣ Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Солҳои 1995-2001 ҳамчун табиби ҷарроҳ дар шуъбаи 1-уми ҷарроҳӣ, солҳои 2001-2006 муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ҳамзамон ассисенти кафедраи ҷарроҳияи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб, фаъолият намудааст. Солҳои 2006-2007 дар вазифаи Директори Маркази саломатии шаҳрии №10 ва солҳои 2007-2018 ба ҳайси Директори Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба номи академик К. Тоҷиев адои вазифа намудааст. Аз соли 2018 то 6-уми майи соли 2020 дар вазифаи Директори МД Марказии тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим фаъолият намудааст. Бо фармоиши Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2020 Директори МДМТ “Истиқлол” таъин гардид[1].

Унвони илмӣ: номзади илмҳои тиб, табиби ҷарроҳи дараҷаи олӣ.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Оиладор соҳиби 3 фарзан дмебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Соли 2008 бо нишонаи сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2014 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Нигаред низ

вироиш
  1. Роҳбарият (ru-RU). МТИ. 5 июли 2024 санҷида шуд.