Хушвахт Салим Шарифзода - Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (аз 12 январи соли 2017)

Хушвахт Шарифзода
Хушвахт Салим Шарифзода
Таърихи таваллуд 2 октябр 1963(1963-10-02)
Зодгоҳ

Зиндагинома

вироиш

Шарифзода Хушвахт Салим 2 октябри соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илми тиб. Соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури кӯдакон хатм намудааст. Соли 1986 дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ ҳамчун духтур – интерн фаъолияташро оғоз намудааст. Солҳои 1987-2015 ба ҳайси духтури кӯдаконаи Беморхонаи қитъавии Кангурти ноҳияи Темурмалик, мудири шуъбаи бемориҳои кӯдакона ва муовини сардухтури қисми санитарӣ - тиббии «Тоҷиктекстил», муовини директори Маркази саломатии шаҳрии № 7 ва директори Маркази саломатии шаҳрии №10-и шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2015 то 12 январи соли 2017 дар вазифаи Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхисию табобат ва таълимӣ» фаъолият кардааст. 12 январи соли 2017 Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъйин гардид.[1]