Чаманзор (деҳа, н. Ваҳдат)
Чаманзор (пешина Гургхӯрда) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат. Аз Чаманзор то маркази шаҳр 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1383 нафар (2017), тоҷикон. Солҳои 1930—1932 ташкил шудааст.
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ваҳдат |
Ҷамоат | Деҳоти Карим Исмоилов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1383 тан |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Иқтисод
вироишДеҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз рӯди Элок ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Чаманзор 11 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии «Абдулҳафиз» ва «Бобоҷон» мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гургхӯрда // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5