Чарбудӯлма
Чарбудӯлма навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Ба гӯшти қима пиёзу зира ҳамроҳ мекунанд. Баъд чарбуи гӯсфандро 10х10 сантиметрӣ бурида ба ҳар кадомаш як қошуқи қима андохта мепечонанд ва дар дег чида, аз болояш об мерезанду дар оташи паст 1 соат мепазанд. Таом, ки пухт, ба табақ кашида истеъмол мекунанд.
Барои чарбуи 100-150-граммӣ 400 г гӯшти камравған, 400 г пиёз, мувофиқи табъ намак, мурч ва адвиёт лозим аст.[1]
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988
Эзоҳ
вироиш- ↑ Таббохӣ/ Чарбудӯлма. 13 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |