Чарлз Томсон Рис Вилсон

Чарлз Томсон Рис Вилсон (англ. Charles Thomson Rees Wilson; 14 феврал 1869[1][2][3][…], Glencorse[d], Шотландия15 ноябр 1959[1][2][3][…], Carlops[d], Шотландия) — физикдони шотландӣ. Узви Анҷумани салтанатии Лондон (1900).

Чарлз Томсон Рис Вилсон
англ. Charles Thomson Rees Wilson
Таърихи таваллуд 14 феврал 1869(1869-02-14)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 ноябр 1959(1959-11-15)[1][2][3][…] (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик ва ҳавошиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ J. J. Thomson[d]
Шогирдон Philip Dee[d][4]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Баъди хатми мактаби хусусӣ дар коллеҷи Оуэн (ҳозира Донишгоҳи Манчестер) ва коллеҷи Сидни Сассекс (дар Кембриҷ) таҳсил кардааст. Омӯзгор (1900) ва профессори Донишгоҳи Кембриҷ (1925). Дар соҳаи физикаи молекулавӣ, ҳастаӣ ва атомӣ таҳқиқот кардааст. Вилсон пас аз мушоҳидаи ҳодисаҳои атмосферии тоҷ ва глория дар расадхонаи кӯҳи Бен-Невис ин ҳодисаҳоро дар лабораторияи худ санҷида, конденсатсияи бухори моддаро зери таъсири зарраҳои барқаноки суръатнок таҳқиқ намуд. Ӯ нишон дод, ки дар шароити муайян ҳар як иони барқанок маркази конденсатсияи бухори об мегардад ва онҳоро бо чашм дидан мумкин аст. Барои мушоҳидаи пайҳои зарраҳои барқанок асбобе сохт, ки дар он акси пайҳои алфа-зарраҳо, бета-зарраҳо ва электронҳоро қайд кардан имконпазир гашт. Минбаъд асбоби мазкур бо номи камераи Вилсон машҳур шуд (1912). Баъдтар Вилсон онро такмил дода, соли 1923 мақолаҳои машҳури худро дар бораи масирҳои электронҳо нашр кард. Дастовардҳои Вилсонро олимони тамоми дунё истифода мекунанд. Солҳои 1900—1901 Вилсон ба хулосае омад, ки шуоъафкании ионзое мавҷуд аст, ки аз қабатҳои ғафси хок мегузарад. Барои ихтирои «камераи Вилсон», ки ба кашфи «усули аёни (визуалӣ)-и ошкор кардани масирҳои зарраҳои электрикии барқанок бо ёрии конденсатсияи бухор» сабаб шуд, сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1927, якҷо бо Артур Комптон).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  4. учёный-ядерщик

Адабиёт

вироиш