Чархишнамо (форсӣ: چرخش‌نما‎), гироско́п (аз юн.-қад. γῦρος «чарха» + σκοπέω «мебинам») — ҷисми сахте, ки дар гирди яке аз меҳварҳои симметрияи худ (ба ном меҳвари чархишнамо) босуръат чарх мезанад.

Чархишнамо
Нигора
Кошиф Леон Фуко[d]
Таърихи кашф 1852
Location of creation Порис
 Парвандаҳо дар Викианбор

Меҳвари чархишнамо дар фазо фақат аз таъсири қувваҳои берунӣ самти худро тағйир дода метавонад. Агар меҳвари чархишнамо собит бошад, овезаи он нисбат ба меҳвар (самти меҳварро тағйир надода) бояд озодона тоб хӯрда тавонад. Бо ин мақсад ба ном овезаи Карданоро истифода мебаранд. Дар чархишнамои чунин овезадор аз таъсири қувваҳои соиш дар пояҳо меҳвари гардиш бо мурури вақт аз самти аввалаи худ майл мекунад. Вале чархишнамое, ки дар он саққочаи аз масолеҳи фавқунноқил сохташуда дар майдони магнитӣ озодона ҳаракат мекунад, аз ин камбуд орӣ аст. Сайёраҳо, роторҳои мошинҳо ва турбинаҳои электрӣ, тири тӯпҳо, ғирғиракбозичаҳо ва ғ. аз ҷумлаи чархишнамо-ҳо мебошанд. Қобилияти самти меҳвари гардиши худро нигоҳ дошта тавонистани чархишнамо, ки хосияти асосии он мебошад, дар асбобҳои гуногуни навигатсионӣ (гироқутбнамо, гироамуд ва ғ.), инчунин барои тасбит (стабилизатсия)-и парвози ҳавопаймоҳо (автопилот), мушакҳо, ҳаракати киштиҳои баҳрӣ, торпедоҳо ва ғ. истифода мешавад. Устувории гигроскопии меҳвари гардиши Замин дар равандҳои геофизикӣ, иқлимӣ, обу ҳаво мавқеи бузург дорад.

Сарчашма

вироиш