Чилакбозӣ чиликдангал, чилик-пилик

Барои бозӣ ду чӯб, яке 30-40 см (ченчӯб) ва дигарӣ кӯтоҳтар 15-20 см лозим аст. Дар замини ҳамвор давраи диаметраш 1,5-2 метра мекашанд. Бозингари якум ё дастаи якум дар дохилӣ давра истода, чӯбчаро бо чӯби калон ба масофаи дур чилакбозӣ, ликакбозӣ, чиликқаҳрӣ, чилаку лоф, алаку момокӣ, акколбозӣ мезанад. Аз он ҷое, ки чӯбча афтод, ҳарифон чӯбчаро гирифта, ба даруни давра ҳаво медиҳанд. Бозингари даруни давра саъй мекунанд, ки бо чӯби калон зада чӯбчаро аз хатти давра дур кунад. Ба қадди чӯби калонӣ масофаи аз хатти давра то ҷойи афтидаи чӯбчаро ҳисоб мекунанд. Агар ҳарифон чӯбчаро тавонистанд, ки ба давруни давра партоянд, он гоҳ ҷойҳо иваз мешаванд. Касе, ки холҳои бештар гирифта, аз марра гузашт, ғолиб дониста мешавад. Ғолибон мағлубонро бо як тарзи “зу-у-у” гуфта, бо давонидан ҷазо медиҳанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

Адабиёт

вироиш

1. Суяркулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. Д., 1968

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 201