Чормағзбозӣ
Чормағзбозӣ
Бозии маъмулу машҳури бачагон, ки бештар дар фасли тирамоҳ, дар айёми пухтани чормағз ва пас аз он баргузор мешавад. Онро писарони аз 7 то 18-сола, баъзан ҷавонони калонтар низ бозӣ мекунанд. Навъҳои гуногуни чормағзбозӣ вуҷуд дорад, масалан, “қуббабозӣ”, “чорпай”, “зангул” ва ғ. Тибқи қоидаҳои бозӣ, шахсони ғолиб чормағзҳои бозигари мағлубро аз худ мекунанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976. 2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016.
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 203