Чоч ва Илок
Чоч ва Илок - мулкест дар байни дарёи Чирчиқ ва Илок, дар имрўза вилояти Тошканди Ўзбекистон.[1]
Дар асрҳои V-VIII мулкҳои Чоч ва Илок низ муҳим буданд. Пойтахти Чоч – шаҳри Бинокат буда, подшоҳи онро «тудун» мегуфтанд. Пойтахти Илок - Тункат буда, ҳокими онро «деҳқон» мегуфтанд. Дар асрҳои V-VI вилояти Чоч ба давлати Ҳайтолиён, дар нимаи дуюми асри VI-VII бошад, ба Ҳоқонии Туркони Ғарбӣ тобеъ буд.
Дар ибтидои асри VIII Чочу Илок аз лиҳози сиёсӣ муттаҳид шуда, ба давлати ягона табдил ёфта, истиқлоли худро барқарор намуданд.[2]