Чуқураки Боло — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Чуқураки Боло то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 8 км. Аҳолиаш 2752 нафар (2022)[1], тоҷикон.

Деҳа
Чуқураки Боло
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Навобод
Тақсимоти дохилӣ

Саросиёб, Гузари оқи падарон ва Пушти ҷангал

Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қизил Юлдуз
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2752 тан (2022)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ҷуғрофиё

вироиш

Чуқураки Боло солҳои пеш замини деҳа пастиву баландиҳои зиёд дошт, бо мурури замон аксари чуқуриҳо ҳамвор карда шуданд. Чуқураки Боло дар ҷониби ҷанубу ғарби маркази деҳоти Навобод, дар ҳамсоягии деҳаҳои Себистон , Шопур ва Навобод воқеъ аст, аз маркази ҷамоат 4 км ва аз маркази ноҳия 8 км дур ҷой гирифтааст.

Мардум

вироиш

Дар Чуқураки Боло 2752 нафар аҳолӣ ҳаёт ба сар мебарад, ки 311 хоҷагиро ташкил медиҳад. Дорои мактаби миёна буда, дар он 35 нафар омӯзгор ба 752 нафар хонанда дарс медиҳанд, бунгоҳи тиббӣ амал мекунад, 3 мағозаи хусусӣ низ ҳастанд, ду масҷиди панҷвақта ва 16 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардум асосан ба кишоварзӣ машғуланд[2]

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 648