Шавкат Халилов
Шавкат Халилов - (тав. 26 октябри 1956, шаҳри Душанбе), коргардон (режисёр), фарзанди Муҳаммад Халилов.Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон (1990).
Шавкат Халилов | |
---|---|
Шавкат Халилов | |
Таърихи таваллуд | 1956 |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе |
Пеша | ҳунарпеша |
ЗиндагиномаВироиш
ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1978), Инстиути давлатии театр. мус. ва кинемат. Ленинградро хатм кардааст (1985). Коргардон (режисёр)-и ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ (1984-1985), Коргардон (режисёр)-и Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови ш. Қӯрғонтеппа (1985-1989), Коргардон (режисёр)-и Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (1989-1995), саркоргардон (режисёр)-и Театри мазҳакаи мусиқии Самарқанд ба номи Ҳамид Олимҷон (1995-1997), коргардон (режисёр)-и Театри лӯхтаки ш.Душанбе (1998-2002), Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов (аз с.2002).
ЭҷодиётВироиш
Дар театрҳои номбурда намоишномаҳои зиёдеро рӯи саҳна овардааст:
- “Лайлатулқадр” –и Ю.Акбаров (1984),
- “Авлиё ва осӣ”-и А.Варфоломеев (1985),
- “Моҷарои обфурӯш”-и Мастон Шералӣ ва Шодон Ҳаниф (1985),
- “Тӯйи бедомод”-и Ҷумъа Қуддус (1986),
- “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло (1988),
- “Хизматгори ду хоҷа”-и К.Голдони (1988),
- “Остона”, “Муноҷот”-и А.Дударев (1988, 1990),
- “Қиссаи ошиқон”-и Султон Сафар (1990),
- “Бегоҳии шанбе”-и У.Бойҷиев (2003).
Дар Самарқанд асарҳои Б.Исломов “Самарқанднома” ва намоишномаеро ба муносибати 125-солагии М.Беҳбудӣ ба саҳна гузоштааст. Дар фест. байналмилалии театрӣ (Тбилиси, Иваново-Франковск, Кипр, (1987-89), иштир. намуда соҳиби мукофоту дипломҳо гаштааст.
С.2000 дар маркази продюсерии “КЕНТ” (Қаз.) нахустин рок-опера ва балети қазоқӣ “Такир”-ро манзури тамошобинон кардааст.[1]
ПайвандҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, с.134.