Шайтон
Шайтон (ар. شيطان shaitan, ба маънои «гумроҳ», «рондашуд», ё баъзан «иблис»; ибрӣ: שָּׂטָן satan, ба маънои «душман» ё «ҳариф»;[1]) — мавҷуди рондашуда, саркаш, туғёнгар ва маншаи шар дидгоҳи динии адёни иброҳимӣ[2][3].
Дар луғат ва истилоҳ
вироишШайтон дар луғат ҳамчун сифати омм барои ҳар фарди саркаш, туғёнгар ва маншаи шар аз инсу ҷин ва ҳайвон корбурд мешавад ва ба унвони исми хос ба Иблис ва зуррияи вай итлоқ мегардад.
Дар Қуръон
вироишИблис бино ба фармудаи Қуръон гурӯҳ ва тоифае аз ҷинҳо аст ва ҳеч гоҳе аз фариштагон набудааст. Ҷинҳо, ки шайтон тоифае аз онҳо мебошад, аз оташ (7: 12; 55: 15) ва фариштагон аз нур офарида шудаанд (Саҳеҳи Муслим, 7420 (2996)-60), фариштагон наслу зуррия надоранд ва ба нару мода ҷудо намешаванд, вале ҷинҳо ва шаётин наслу зуррия ва ба мисли дигар ҷонварон зоду валад доранд (Сураи Каҳф, 18: 50). Фариштагон бар асоси насс (далел)-и қуръонӣ аз гуноҳ пок мебошанд ва ҳаргиз аз амрҳои Худованд нофармонӣ намекунанд (Сураи Таҳрим, 66: 6), дар ҳоле ки Иблис аз итоати амри Худованд сар боззада.
Иблис
вироишИблис – падар ва сарҳалқаи насли шаётин то пеш аз офарида шудани Одам аз бошандагони осмонҳо ва дар байни фариштагон буд, вале асли хилқати онҳо аз ҳам фарқ мекард ва дар ин бора, ки вай чӣ гуна дар байни фариштагон мақом гирифт ва ҳамроҳи онҳо ба саҷдаи Одам амр шуд, ривояти саҳеҳе дар даст нест. Чун Худованд Одамро офарид ва фариштагонро ба саҷдаи вай амр кард, ҳама саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки аз амри Парвардгор сар печид, худро аз Одам бартар дид ва ба ин фармони Худо эътироз кард (Бақара, 2: 34; Аъроф, 7: 11; Ҳиҷр, 15: 31, 32; Исро, 17: 61; Каҳф, 18: 50; Тоҳо, 20: 116; Шуъаро, 26: 95; Сабаъ, 34: 20; Сод, 38: 74, 75). Ин ҷо буд, ки Худо вайро аз даргоҳаш ронда кард (Ҳиҷр, 15: 34; Сод, 38: 77) ва пас аз он бо лақаби Раҷим – рондашуда машҳур гардид. Шайтон вақте аз даргоҳи Худованд ба сабаби Одам ронда шуд, кинаи ӯро дар дил гирифт ва савганд ёд кард, ки Парвардгоро, ба сабаби он ки маро ба бероҳ бурдӣ, барояшон (фарзандони Одам) дар (рӯи) замин зинат хоҳам дод ва ҳамаи онҳоро ба бероҳ хоҳам кашид, магар бандагони мухласи Туро (Ҳиҷр, 15: 39-40), бубин инеро, ки бар ман каромат ва бартарӣ бахшидаӣ, агар (кори) маро то рӯзи қиёмат ба таъхир вндозӣ, ба насли вай бархурд ва онҳоро аз роҳ хоҳам зад, магар каме аз онҳоро (Исро, 17: 62). Парвардгоро, пас маро то рӯзе, ки барангехта мешаванд, муҳлат бидеҳ! (Ҳиҷр, 15: 36; Сод, 38: 79) ва Худо ин хостаи ӯро иҷобат кард ва фармуд: Ту ҳатман то рӯзи вақти маълум аз муҳлатдодашудагонӣ! (Ҳиҷр, 15: 37-38; Сод, 38: 80-81).
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://jewishencyclopedia.com/articles/13219-satan "Term used in the Bible with the general connotation of "adversary", being applied (1) to an enemy in war (I Kings v. 18 [A. V. 4]; xi. 14, 23, 25), from which use is developed the concept of a traitor in battle (I Sam. xxix. 4); (2) to an accuser before the judgment-seat (Ps. cix. 6); and (3) to any opponent (II Sam. xix. 23 [A. V. 22]). The word is likewise used to denote an antagonist who puts obstacles in the way, as in Num. xxii. 32, where the angel of God is described as opposing Balaam in the guise of a satan or adversary; so that the concept of Satan as a distinct being was not then known."
- ↑ Merriam-Webster's Encyclopedia of World Religions, page 290, Wendy Doniger
- ↑ Leeming, David Adams (2005). The Oxford Companion to World Mythology. Oxford University Press. p. 347. ISBN 978-0-19-515669-0.
Адабиёт
вироишСарчашма
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |