Шамсиддин Муҳиддинов

Адолат Комилова (зод. 15 октябри 1950, деҳаи Шопур, ноҳияи Ҳисор) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000).

Шамсиддин Муҳиддинов
Таърихи таваллуд 15 октябр 1950(1950-10-15) (74 сол)
Зодгоҳ деҳаи Шопур, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (1969) ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода (1977) аст. Ҳанӯз соли 1973 дар фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-1» бо суруди классикии «Муноҷот»(ғазали Ҳилолӣ) соҳиби 10 хол гардида буд ва ба шоҳроҳи ҳунар роҳ ёфт. Соли 1977 ба ансамбли шашмақомхони Кумитаи телевизон ва радиои ҷумҳурӣ даъват шуд ва дар ин ҷо маҳораташро такмил бахшидааст. Чанд сол узви дастаи «Дарё»-и ҳамин кумита буд.

Сурудаҳо

вироиш

Сурудҳои классикӣ ва мардумиро якзайл мехонд. «Ироқи Бухоро», «Қаландари дугоҳ», «Гули сурх», «Наврӯзӣ», «Наврӯз шуд», «Туро ман ёд кардам», «Баҳор омад», «Салом ба кишварам», «Фарзанди Зарафшонам», «Эй гул», «Бофанда», «Ту садбарги кадом боғӣ», «Ҷононае», «Остонаи дил», «Ошуфтаи зулф», «Ноз мекунӣ», «Аз давлати висолат», «Имрӯз», «Эй ватан», «Кокулат», «Мегузарад», «Аскари сулҳ», «Ҳар лаҳза зор гирям», «Ёдбуд», «Машав ғамгин», «Оташ аст», «Суруди чупон», «Нахоҳад шуд», «Бути номеҳрубон», «Субҳидам», «Боми дунё», «Давои дили ман», «Ошиқи гулзор ку», «Чаман», «Хами мӯй» аз зумраи онҳоанд. Қобилияти хуби оҳангсозӣ дошта, дар заминаи лаҳни мақомҳо ва мусиқии халқӣ сурудҳои рангин офаридааст. Иштирокдори бисёр ҷашнвораҳои ҳунарӣ, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия (Маскав, 2005) ва ЮНЕСКО (Париж, 2005) мебошад[1].

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.

Пайвандҳо

вироиш