Шамсиддин Ғафуров (1883, Самарқанд — 1963, ҳамон ҷо) — меъмор ва устои гаҷкор.

Шамсиддин Ғафуров
Иттилооти асосӣ

Зиндагинома

вироиш

Ҳунари гаҷкориро аз падараш усто Ғафур омӯхтааст. Дар Самарқанд дар бунёд намудани масҷиди Боғи Баланд (1990), масҷиди Хо­ҷа Нис­батдор (1900), мас­ҷиди Шайбонихон иштирок наму­да­аст. Дар таъмиру таҷ­диди ёдгориҳои меъмории Са­мар­қанд, биноҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, о­н­ҳо­ро гаҷкорӣ кар­дааст. Аз ҷумла, бинои Осорхонаи адабиёти ба номи Алишер Навоӣ (1940), Театри ба номи Му­қи­мӣ (1942—1943), Театри ба номи Алишер Навоиро оро додааст. Шамсиддин Ғафуров дар таъмиру таҷ­ди­ди тоқҳои мадрасаи Шердор (1926), му­қар­нас­ҳои ма­но­­раи шимолу шарқии мадрасаи Улуғбек (1932), маҷ­ма­аи Шо­ҳи Зинда (1934—1945), мақбараи Амир Те­мур (1943—1945), масҷиди Кӯкгунбази Шаҳрисабз, Гунбази Сайи­дон (1954—1955) ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ширкат дош­та­аст. Намунаҳои санъа­ти меъморӣ ва гач­ко­ри­ҳои Шамсиддин Ғафуров дар осор­хо­наҳои шаҳрҳои Бухорою Самар­қанд ва Тошканд то ҳа­нӯз маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш