Шамсулаимма Бакри Заранҷарӣ
Абулфазл Бакр ибни Муҳаммад ибни Алии Заранҷарӣ (маъруф ба Шамсулаимма; 1036, Заранҷар, Бухоро — 1118, Калобод, Бухоро) — фақеҳи ҳанафӣ.
Шамсулаимма Бакри Заранҷарӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис |
Таърихи таваллуд: | 1036 |
Таърихи даргузашт: | 11 декабр 1118 |
Маҳалли даргузашт: | |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишӮ аз насли Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансории саҳобӣ буд. Дар илми ансоб ва таърихи шахсиятҳо шуҳрат ёфта, дар ҳифзу ҳимояти мазҳаби хеш ба дараҷае расид, ки ба ӯ масал мезаданд. Ба «Шамсулаимма» маъруф гашта, аҳли шаҳраш ӯро «Абуҳанифаи хурд» меномиданд.
Санади илмии Заранҷарӣ аз Шамсулаимма Абдулазизи Ҳалвоӣ оғоз ёфта, аз тариқи Абуҳафси Кабир ва Муҳаммади Шайбонӣ то ба имом Абуҳанифа мерасад. Заранҷарӣ олиму фозили тавоно буда, мардуми замонаш барои фатво ва ҳаллу фасли масъалаҳои пешомадаи шаръӣ аксар ба ӯ муроҷиат мекардаанд. Самъонӣ дар Бухоро, Самарқанд, Косон, Балх ва Сарахс бо бисёр шогирдони ӯ вохӯрда, аз онҳо ривоят ҷамъ кардааст. Заранҷарӣ охирин касест, ки аз устодаш Ҳалвоӣ донишҳои фиқҳии ӯро ривоят кардааст.
Ҳоҷӣ Халифа аз таълифоти ӯ як китобро дар ҳадис бо номи «Амолии Заранҷарӣ» ёд кардааст. Нисбаи Заранҷарӣ аз номи яке аз деҳаҳои Бухоро — Заранҷар ё Заранкар, воқеъ дар масофаи панҷ фарсах аз Бухоро, гирифта шудааст. Ёқут ин исмро ба шакли «Заранҷаро» ва «Заранкаро» овардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Заранҷарӣ / С. Шаҳобуддинов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.