Шамтуч
Шамтуч — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ. Аз Шамтуч то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 54 км. Аҳолиаш 1543 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
![]() | |
Кишвар |
![]() |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Шамтуч |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1543 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3479 |
![]() |
Ҷуғрофиё
вироишШамтуч дар доманакуҳҳои сабзи силсилаи Зарафшон ҷойгир аст. Дар гирду атрофи деҳа ҷойҳои зебое ҳастанд, ки мардум бо муҳаббат онҳоро ном мебаранд: Каргтуда, Дашти боло, Устонак, Вебкак, Дуоба, Бедак, Дариосиё, Чандакозот, Чешил ва Сарой ҳавз.
Иқтисод ва рӯзгор
вироишСокинон асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғуланд. Зардолуҳои навъҳои Қандак, Майзак ва Мирсанҷали — машҳур буда, аз онҳо аштак (ғулинги табиӣ) таҳия мешавад, ки ба бозорҳои минтақа роҳ меёбанд. Инчунин себ, биҳӣ, нок, шафтолу ва дигар намуди мевагихо низ парвариш карда мешавад.
Таърих ва ёдгориҳои таърихӣ
вироишДеҳаи Шамтуч яке аз кӯҳантарин ва фарҳангӣ-гардонандаи маконҳои таърихии водии Зарафшон мебошад. Дар ин минтақа сангнавиштаҳо ва навиштаҷоти таърихӣ ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва арабӣ пайдо шудаанд, ки аз асрҳои XIV то XVIII боқӣ мондаанд. Ин сангнавиштаҳо ба воқеаҳои таърихӣ, зиндагии мардум ва падидаҳои иҷтимоӣ ишора мекунанд.[1]
Яке аз арзишмандтарин ёдгориҳои таърихии Шамтуч — навиштаҷоти сангии Мирзо Бобур Мирзо, асосгузори сулолаи Бобурӣ мебошад. Дар соли 907 ҳиҷрӣ (дар асри XVI) худи Бобур дар яке аз сангҳои қабристони деҳа ин байтро кандакорӣ кардааст, ки ба маърифати инсоният, сабр ва ҳикмати рӯзгор ишора мекунад:
«Кофаро мардумшикоро як замон охистатар, К-оҳуи бечораро бар тири пайкон тоб нест.»
Ин мисраъ ба як зарбаи маънавӣ бар ҳасрату зулму беадолатӣ мебошад ва то имрӯз рамзи маънавиёт ва ҳикмати нопоксозии инсон боқӣ мондааст.
Навиштаҷоти сангӣ дар Шамтуч на танҳо аз ҷиҳати таърихӣ, балки аз лиҳози фарҳангӣ ва адабӣ низ аҳамияти бузург доранд. Онҳо гувоҳии равшан ба мероси ирфонии орифони Зарафшон, ки бо шахсиятҳои монанди Мир Шайхи Шамтучӣ ва Косими Шамтучӣ пайвастанд, мебошанд.[1]
Дар баробари ин, анъанаҳои маҳаллӣ, кандакориҳои чӯбӣ, гачкории деворҳо ва маросимҳои руҳонӣ қисми ҷудонашавандаи фарҳанги зиндаи Шамтучанд, ки онро ҳамчун макони муҳими таърихӣ ва маънавӣ пазируфтаанд.
Мазорҳо
вироишДар Шамтуч ду мазори маъруф вуҷуд дорад, ки мардум онҳоро бо эҳтиром зиёрат мекунанд:
- Мазори Хоҷа Шайх Деҳқон Шамтичӣ — шахсияти маъруфи маънавӣ, ки бо силсилаи орифони Зарафшон пайваст аст. Сақфи мазори Хоҷа Шайх Деҳқон Шамтичи бо кандакориҳои анъанавии чӯбӣ оро дода шудааст, ки бо нақшу нигорҳои гулдор ва рамзҳои ботинии суннатии тоҷикии асрҳои гузашта зебо карда шудаанд. Ин наққошиҳо ва кандакориҳо на танҳо арзиши ҳунарӣ, балки аҳамияти маънавӣ ва рамзӣ доранд ва далолат бар завқи баланди эстетикии замони бунёди мазор мекунанд.[2]
- Мазори Хоҷа Сайфиддин — дигар авлиёи мӯътабари деҳа, ки мардум ӯро ҳамчун шахси порсо ва соҳиби кашфи ботинӣ мешиносанд. Мазори Хоҷа Сайфиддин бо гачкории ҳунармандона ва нақшу нигорҳои маънавӣ ва кандакориҳои анъанавии чӯбӣ оро ёфтааст, ки рамзҳои ирфонӣ ва маънавии мардуми маҳаллӣ дар онҳо таҷассум ёфтааст. Ин ҷой на танҳо макони муқаддас, балки маҳалли таърихӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад, ки аз қадим бо эҳтироми махсус нигоҳдорӣ мешавад.[3]
Шахсиятҳои шинохта
вироишАз ҷумлаи фарзандони маъруфи Шамтуч метавон зикр кард:
- Мухиддин Олимпур — рӯзноманигори барҷаста ва шинохта, аккоси маъруфи тоҷик ки бо ҷасорати касбии худ маъруф буд.[4]
- Хочимухаммад Умаров — доктори илмхои иктисоди.
- Ҳамза Камол — олим, муаррихи шинохташудаи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2007), профессор (2018). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016).[5]
- Мирзо Насриддин - нависанда, мухандис
Ҷозибаҳои гардишгарӣ
вироишДеҳаи Шамтуч дар миёни табиати зебо ва кӯҳҳои силсилаи Зарафшон ҷойгир аст. Гирду атрофи он бо мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ шинохта мешаванд, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ, чорводорӣ ва истироҳати мардум нақши муҳим доранд. Аз ҷумла:
- Каргтуда
- Дашти боло
- Устонак
- Вебкак
- Дуоба
- Бедак
- Дариосиё
- Чандакозот
- Чешил
- Сарой ҳавз
- Шахи Наврӯзгоҳ
Ин мавзеъҳо на танҳо номи ҷуғрофӣ, балки як ҷузъи фарҳанги зинда ва хотираи таърихии мардумии Шамтуч ба ҳисоб мераванд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Ахрор Мухторов. Санг хам диле дорад. — Душанбе, 1999.
- ↑ Хамза Камол. Истори мазаров северного таджикистана. — Душанбе: Деваштич, 2005. — 44. — 208 с.
- ↑ Хамза Камол. Таърихи мазорхои шимоли Точикистон. — Душанбе, 2005.
- ↑ Олимпур, Мухиддин.
- ↑ Хамза Камол.
Сарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2