Шарафуддин Музаффар ибни Муҳаммади Тусӣ (форсӣ: شرف‌الدین مظفر بن محمد بن مظفر توسی‎; тақрибан 1135[1], Тус, Хилофати Аббосиён[1]1213[1], тахм. Бағдод, Хилофати Аббосиён) — риёзидон ва ахтаршиноси форс-тоҷик.

Шарафуддини Тӯсӣ
ар. شرف الدين المظفر بن محمد الطوسي
форсӣ: شرف‌الدین مظفر بن محمد بن مظفر توسی
Таърихи таваллуд тақрибан 1135[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1213[1]
Маҳалли даргузашт
Шогирдон Камолуддин ибни Юнус[d][2]

Зиндагинома

вироиш

Аз мардуми Тӯси Хуросон буд, вале ба Мавасил, Бағдод ва Димашқ сафар кард ва дар ин шаҳрҳо ба тадрис пардохт. Яке аз муҳимтарин шогирдони ӯ Камолуддин ибни Юнус будааст. Муҳимтарин асари риёзии шинохташудаи Тӯcӣ, «Фӣ-л-муъодилот» ё ҳамон «Ҷабр ва муқобилаи Шарафуддин» аст. Ӯ дар ин китоб ба ҷавобҳои ададии бисту панҷ муодила то дараҷаи севум пардохтааст. Рисолаи «Фӣ-л-устурлоби-л-хаттӣ» асари нуҷумии ӯ дар заминаи сохти абзорҳои ахтаршиносӣ аст. Устурлоби хаттӣ, қитъаи чӯби мудрриҷ ва ба шакли асо будааст ва ба ҳамин муносибат онро «Асои Тӯcӣ» низ номидаанд.