Шарифҷон Бозоров
Шарифҷон Асадуллоевич Бозоров (15.04.1932, гуз. Ойсабати д. Деҳнави ноҳияи Самарқанд — 10.02.1975, Душанбе), омӯзгори иқтисоди сиёсӣ ва фалсафа. Номзади илми иқтисод (1962), дотсент (1964). «Аълочии маорифи Тоҷикистон».
Шарифҷон Асадуллоевич Бозоров | |
Таърихи таваллуд | 15 апрел 1932 |
Зодгоҳ | ноҳияи Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 10 феврал 1975 (42 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | ИПС ба номи Т.Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишШарифҷон Асадуллоевич Бозоров Ин.-ути педагогии дусолаи Самарқандро хатм кардааст (1948–49). Муаллими мак. миёнаи нопурраи д. Кӯктоши н. Панҷакент (1949–50). Дар фак. таърихи ИПС ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст (1950–1953). Курси яксолаи САГУ-и Тошкандро хондааст (1953–1954). Муаллими калони каф. марксизм-ленинизми ИХҚТ (ҳоло – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, 1954–1975). Аспиранти Ин.-ути иқт. АИ Тоҷикистон (1960–1962). Дар мавзӯи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар давраи барқароркунӣ ва ибтидои азнавсозии сотсиалистии хоҷагии халқ (солҳои 1921–1928)» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои гуногун кот. якуми ташкилоти комсомолии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, парторги фак. механиконии соҳаи хоҷ. қишлоқ, узви ком. ит. касабаи корм. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, муовини раиси ком. назорати халқии Душанбе, лектори ғайриштатии КМ ПК Тоҷикистон. будааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 60 таълифоти илмӣ, илмии оммафаҳм, аз ҷумла, «Ақидаҳо доир ба худомӯзии асарҳои классикон» (Д., 1957), «Чораҳои сиёсию иҷтимоии Ҳукумати Советӣ дар барқароркунии хоҷагии халқи Тоҷикистон» (Д., 1961), «Барқароркунии хоҷагии халқи Тоҷикистон (1921–1928)», (Д., 1963), «Таҳаввулоте дар сохтори иқтисодию иҷтимоии иқтисодиёти аграрии Тоҷикистон» (Д., 1963), «Ҳосилнокии меҳнат – асоси пешравиҳо» (Д., 1969) ва ғ. Роҳбари 20 унвонҷӯи фак. иқт.будааст. Хидматҳояш бо чандин Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6