Шариф Баротов
Шариф Баротов (15 июни 1933, деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор — 23 феврали 2005, Душанбе) — биолог, доктори илмҳои биология (1994), Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ (1996).
Шариф Баротов | |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1933 |
Зодгоҳ | деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор |
Таърихи даргузашт | 23 феврал 2005 (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Фазои илмӣ | биология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи УДТ (1959). Ходими хурд (1959-70), калон (1970-81) ва пешбари илмӣ (1994—2002), мудири шуъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ (2002-05). Муаллифи 106 мақолаи илмӣ ва 3 монография. Б. оид ба касалиҳои чорво, усулҳои мубориза бо хармагасу ғурмагасҳо, ки ба чорводорӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд, пажӯҳишҳо анҷом додааст. Дар робита ба моҳиҳои ҷумҳурӣ низ таълифот дорад. Тавсияю пешниҳодҳои Б. оид ба пешгирии касалиҳои сироятии чорво дар вазорату корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Осор
вироиш- Касалии пӯст ва мубориза бо он. Д., 1965;
- Хармагаси зери пӯсти чорвои калони шохдор дар Тоҷикистон. Д., 1972;
- Ҳодисаҳои сирояти одам бо хармагаси зери пӯст. Д., 1977;
- Морфологияи кирми хармагас// Биология Армении. 1980, № 3.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Баротов Шариф / С. Ғафурова // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |