Шариф Ҳамдамов - (Шариф Ҳамдампур) Муассиси ҶДММ «Оила». Узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шариф Ҳамдамов
Шариф Ҳамдамов
Таърихи таваллуд 18 майи соли 1954
Зодгоҳ ноҳияи Панҷекат

Зиндагинома

вироиш

Шариф Ҳамдамов 18 майи соли 1954 дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷекат ба дунё омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатмнамудааст. Аз соли 1976 то соли 1980 дар нашриёти «Маориф» ба сифати муҳар- рир ва муҳаррири калон кор кардааст. Соли 1984 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.Ломоносовро хатмнамудааст. Аз соли 1984 то соли 1986 дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» ба сифати муҳаррири илмӣ иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 1986-1990 шореҳи рӯзномаи «Омӯзгор» буд. Соли 1990 ибтидо ба сифати котиби масъул ва баъдан ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият дошт. Чанд муддат (1993-1996) сардори дафтари матбуоти Кумитаи давлатии гумрук шуда кор кардааст. Аз соли 1996 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аст. Муассиси ҶДММ «Оила».[1]