Шармила Тагор
Шармила Тагор (банголӣ: শর্মিলা ঠাকুর, [ʃaɾmila ţʰakuɾ], ҳиндӣ: शर्मिला टैगोर, англ. Sharmila Tagore, баъди башавҳарбароӣ бегум Айеша Султон Патаудӣ, (англ. Ayesha Sultana Pataudi); тав. 8 декабр 1944, Ҳайдаробод, Ҳиндустони Бритониё) — ҳунарпешаи ҳинд, ки дар 100 филми Болливуд ва Толливуд ҳунарнамоӣ намудааст. Дорандаи ҷоизаҳои National Film Awards ва Filmfare Awards дар номинатсияи «Беҳтарин нақши занона» мебошад. Инчунин Шармиларо барои саҳм дар синамои Ҳиндустон бо мукофоти сеюми давлатии Олии Ҳиндустон «Падма Бҳушан», қадрдонӣ намудаанд. Ба ғайр аз ин дорандаи ордени фаронсавии «Санъат ва адабиёт» (фр. L'Ordre des Arts et des Lettres) мебошад.
англ. Sharmila Tagore | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Sharmila Tagore |
Таърихи таваллуд: | 8 декабр 1944 (80 сол) |
Зодгоҳ: | Ҳиндустон (ҳоло Телингоно) , Ҳиндустон |
Шаҳрвандӣ: | Ҳиндустон |
Касб: | ҳунарпеша, модел |
Корнома: | 1959-2010 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0846616 |
Парвандаҳо дар Викианбор |