Шартнома ба фарқияти нархҳо

Шартнома ба фарқияти нархҳо (CFD) — ин шартнома байни ду ҷонибҳо — фурӯшанда ва харидор барои додани фарқият байни арзиши ҷории дороӣ ба лаҳзаи баста шудани шартнома (мавқеъи кушода) ва қимати он дар анҷоми амали шартнома (мавқеъи пӯшида) мебошад.[1]

Дар CFD бо саҳмияҳо, облигатсияҳо, фючерсҳо, молҳо, индексҳо, асъор ва криптоасъор савдо кардан мумкин аст.

CFD дар як қатор кишварҳо, масалан, дар Иёлоти Муттаҳида иҷозат дода нашудаанд.[2][3] Чӣ тавре ки доштани CFD доштани дороӣ намебошад, дар баъзе кишварҳо, масалан, дар Британияи Бузург ҳангоми харид ё ки фурӯш андоз супоридан лозим нест.[4]

Таърих

вироиш

CFD дар Англия дар солҳои 1950-ум аз ҷониби хеҷ-хазинаҳо, барои доштани дастрасӣ ба амалиётҳои савдо бо китфи баланди қарзӣ офарида шудаанд. Аввалан CFD танҳо ба инвестори институтсионалӣ дастрас буданд. Имрӯз онҳо асбоби хеле машҳури савдоӣ байни инвесторҳои хурд дар тамоми ҷаҳон мебошанд.

Мисоли оддӣ

вироиш

Инвестор фикр мекунад, ки арзиши саҳмияҳои ширкати N меафзояд. Нархи саҳмияи ширкат 100$ аст. Инвестор 1000$ дорад.

Варианти 1 (бевосита): ӯ метавонад 10 саҳмия харад (1000$/100$)

Варианти 2 (CFD): китфи қарзии брокер 1:10 ба шумо барои содир кардани қарордод ба бештар аз 10 маротибаи депозити шумо имкон медиҳад, яъне ба $10 000 ($1000 * 10), ки ба 100 саҳмияҳо баробар аст.[5]

Агар саҳмия то 101$ афзояд:

Дар варианти 1 инвестор 10$ фоида мегирад (10 саҳмия * 1$)

Дар варианти 2 инвестор 100$ фоида мегирад (100 саҳмия * 1$)

Агар саҳмияҳо то 99$ коҳиш ёбанд:

Дар варианти 1 инвестор 10$ гум мекунад (10 саҳмия * 1$)

Дар варианти 2 инвестор 100$ гум мекунад (100 саҳмия * 1$)

Агар саҳмияҳо то 90$ коҳиш ёбанд:

Дар варианти 1 инвестор 100$ аз 1000$-и худ гум мекунад ва савдоро давом медиҳад

Дар варианти 2 бошад, инвестор ҳамаи 1000$-худро гум мекунад. Ҳангоми поён рафтани нархи саҳмияҳо пасттар аз 90$, инвестор ба брокер қарздор мешавад.

  1. Counterparty Risk when Trading CFDs. contracts-for-difference.com. 1 июни 2021 санҷида шуд.
  2. It's a gamble either way. The Sydney Morning Herald. 1 июни 2021 санҷида шуд.
  3. The Laws That Govern the Securities Industry. www.investor.gov. 1 июни 2021 санҷида шуд.
  4. 15 Best CFD Brokers & trading Platforms for 2021. Comparebrokers.co. 1 июни 2021 санҷида шуд.
  5. How Contract for Differences (CFD) Work. Investopedia. 1 июни 2021 санҷида шуд.