Шахси ҳуқуқӣ

  1. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи уҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, уҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Шахси ҳуқуқӣ бояд баланс ё сметаи мустақил дошта бошанд.
  2. Бо сабаби иштирок дар ташкили молу мулки шахси ҳуқуқӣ муассисони (иштирокчиёни) он метавонанд нисбати ин шахси ҳуқуқӣ уҳдадорӣ ё ҳуқуқи молу мулки ба молу мулки он дошта бошанд.

Ба шахси ҳуқуқие, ки иштирокчиёнашон нисбати онҳо ҳуқуқи уҳдадорӣ доранд, инҳо дохил мешаванд: ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ ва кооператсияи матлубот.(ҚГТ аз 22.07.2013с. №976)

Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисони онҳо ба молу мулкашон ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ доранд, корхонаҳои воҳид, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ, инчунин муассисаҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби молик маблағгузорӣ мешаванд.

Ба шахси ҳуқуқие, ки муассисонашон (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи молу мулкӣ надоранд, инҳо дохил мешаванд: (ташкилотҳоиттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои динӣ; фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахси ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳо).[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш